"Нишони Озодии Оксфорд" аз Аун Сан Сун Ҷӣ пас гирифта мешавад

Шӯрои шаҳри Оксфорди Британия дар вокуниш ба мавзеи Аунг Сан Сун Ҷи дар робита сарнавишти ақалияти мусалмони Роҳинҷа, Нишони Озодии Оксфордро аз ӯ пас мегирад. Хонум Сун Ҷи мушовири ҳукумати Мянмар аст, аммо ба таври амалӣ раҳбарии ҳукумат дар ин кишварро ба ӯҳда дорад. Хонум Сун Ҷи, ки дар Оксфорд таҳсил кардааст, 20 сол пеш ба хотири муборизаҳои тулонӣ барои барқарории демократия дар Мянмар, Нишони Озодии Оксфордро дарёфт кард.

Аммо Шӯрои шаҳри Оксфорд пешниҳоди аҳзоби мухолифи ҳукумати Британияро ба назар гирифт ва ҳоло мегӯяд, "ин нишон дигар шоистаи ӯ нест." Ба гузориши телевизиони CNN, Шӯрои шаҳри Оксфорд дар як нома ба Аун Сан Сун Ҷи аз ӯ хоста буд, ҳар коре ки метавонад барои қатъи ончӣ поксозии қавмӣ дар Мянмар гуфта мешавад, анҷом диҳад, аммо ӯ ҷавобе ба ин нома надодааст.

Дар пайи хушунатҳо алайҳи мусалмонон дар Роҳинҷаи Мянмар дар якуним моҳи ахир, садҳо ҳазор нафар аз онҳо ба Бангладеш фирор кардаанд. Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ин рухдодро наслкушӣ номидааст. Ҳукумати Мянмар мегӯяд, ки дар вокуниш ба ҳамлаи ситезаҷӯён ба постгоҳҳои пулис, чораандешӣ кардааст.