Трамп дар Лас Вегас: "Амрико имрӯз либоси мотам ба бар кардааст"

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, ба Лас Вегас сафар кард, ки он ҷо се рӯз пеш бар асари тирандозӣ сӯи ширкаткунандагони ҷашнвораи мусиқии кантрӣ 58 нафар кушта шуданд.

Трамп аз бемористон, ки маҷрӯҳони ҳодиса таҳи назорати табибон қарор доранд ва аз идораи пулис, ки масъулияти ҳамоҳангсозии амалиёти наҷоти мардумро бар ӯҳда дошт, дидан кард.

Раиси ҷумҳури ИМА ба маризон шифои комил хост ва ба кормандони полис барои вокуниши сареъ изҳори сипос кард. “Амрико имрӯз кишварест, ки либоси мотам ба бар кардааст”, изҳор намуд Трамп. “Мо медонем, ки андӯҳи шумо бепоён аст. Мо ғамшарики шумоем”, афзуд раиси ҷумҳур дар мулоқот бо осебдидагон ва пайвандони қурбониёни ҳодиса.

Доналд Трамп аз кормандони полис изҳори сипос намуд ва кори онҳоро ҳирфаӣ номид. Ба гуфтаи коршиносон, полис сари вақт макони тирандозро ошкор намуд ва мардумро ба ҷойи амн кучонд ва ба ин васила аз кушта шудани даҳҳо нафари дигар ҷилавгирӣ кард.

Тирандозӣ ҳангоми ҷашнвораи мусиқии "Route 91 Harvest" шоми 1-уми октябр сурат гирифт. Ҳамлагар - сокини 64-солаи Лас Вегас Стефан Паддок аз ошёнаи 32-уми меҳмонхонаи Mandalay Bay ба сӯи ширкатдорони ҷашнвораи мусиқӣ аз силоҳи автоматӣ тир кушод.

Мақомот мегӯянд, тирпарронии ин мард чанд дақиқа идома кард ва ӯ қабл аз ҳамлаи пулис худкушӣ кард. Дар ин тирандозӣ дастикам 58 нафар кушта ва беш аз 500 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Пулис аз ҳуҷраи Стефан Паддок дар меҳмонсаро 10 мил силоҳ ёфт.