Панҷ масъули "Тоҷпромбонк"-ро ҳабс карданд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе панҷ масъули бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк”-ро дар сирқати амволи бонк гунаҳкор дониста, онҳоро равонаи зиндон кард. Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки ин нафарон давоми се сол тилло ва маблағҳои амонати муштариёнро азхуд кардаанд.

Масъулини Додгоҳи ноҳияи Сино мегӯянд, Қурбонов С. замони фаъолияташ дар вазифаи роҳбари филиали “Тоҷпромбонк” дар ноҳияи Шаҳринав ҳамроҳ бо сармуҳосиб, хазинадор ва коршиносони қарзӣ миқдори калони маблағи бонкро ба яғмо бурдаанд.

Ба иттилои манбаъ, “дар давраи аз соли 2013 то моҳи феврали 2016 бо маслиҳати пешакӣ пасандоз, маснуотҳои тилловорӣ ва маблағҳои пешпардохти мизоҷонро азонихуд намуда, бо ин кирдорашон ба бонки мазкур ба маблағи умумӣ 188.000 доллари ИМА, 95.182 сомонӣ ва 278.738 рубли русӣ зарари миқдораш махсусан калон расонидаанд.”

Тибқи қарори Додгоҳ Қурбонов С. 16 сол, Ғафуров И. 12 сол, Ҳодиев Ф ва Сафаров Ҳ. 9-солӣ ва Тешаева С. 8 солу 6 моҳ маҳкум гардиданд.

“Тоҷпромбонк” яке аз чор бонк дар Тоҷикистон буд, ки ба мушкили молӣ рӯбарӯ шуд ва моҳи феврали соли равон Бонки миллии Тоҷикистонро онро муфлис ва иҷозатномаашро бозпас хонд. Бо гузашти 8 моҳ аз қатъ шудани фаъолияти бонк, даҳҳо муштарии ин бонк то ҳол наметавонанд амонатҳои худро бозпас бигиранд. Хайриддин Қодиров, як муштарии ин бонк дар пайи онки натавонист 100 ҳазор долларашро аз ин бонк бигирад, даст ба худкушӣ зад.