Раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро вориди Маскав шуд

Николас Мадуро дар Маскав

Раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро рӯзи 4 октябр вориди Маскав шуд. Қарор аст, ки рӯзи чаҳоршанбе ӯ бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин музокирот анҷом диҳад.

Николас Мадуро, ки дар кишвараш эътирозҳои зиддиҳукуматӣ идома доранд ва худи ӯ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ барои ташдиди истибдод дар Венесуэла танқид мешавад, ба хотири ширкат дар Ҳафтаи энергетикии Русия вориди Маскав шудааст. Ба навиштаи хабаргузорҳо, ӯ имрӯз дар нишасте дар чаҳорчӯби Ҳафтаи энергетикӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Аз ин пеш Кремл хабар дода буд, ки дар музокироти Путин ва Мадоро рӯзи 4 октябр масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар дар бахшҳои гуногун ва ҳамчунин масоили доғи байнулмилаливу минтақаӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Мадуро қабл аз парвоз ба Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки рӯзи 5 октябр вориди Белоруссия мешавад ва бо раисиҷумҳур Александр Лукашенко дар робита ба таҳқими ҳамкориҳо дар бахшҳои бинокорӣ, саноат ва тиҷорат музокира мекунад.

Раисиҷумҳури Венесуэла аз Минск ба Анкара парвоз мекунад. Ҳайати Венесуэла дар Туркия низ рӯи таҳкими ҳамкориҳо бо ин кишвар дар соҳаҳои молия, энерҷӣ, низомӣ ва кишоварзӣ тамаркӯз хоҳад кард.