Даргузашти Ҷалол Толибонӣ, президенти пешини Ироқ

Телевизиони давлатии Ироқ эълом кард, ки Ҷалол Толибонӣ, аз раҳбарони курдҳо ва президенти пешини ин кишвар, рӯзи сешанбеи 3-юми октябр даргузашт. Ҷалол Толибонӣ дар соли 2014 пас аз сактаи мағзӣ аз симати раиси ҷумҳури Ироқ канор рафта буд. Ҷалол Толибонӣ дар бемористоне дар шаҳри Берлини Олмон даргузашт. Вай аз соли 2012 ба ин тараф борҳо ба Олмон барои муолиҷа сафар карда буд, вале вазъи саломатии вай рӯзи сешанбе ба якборагӣ бад шуда ва сабаби марги вай шуд. Президенти пешини Ироқ аз солҳо ба ин тараф бемор буд ва дар соли 2008 дар Амрико ҷарроҳӣ шуда буд ва пас аз он барои муолиҷа ба Урдун рафта буд.

Ҷалол Толибонӣ дар соли 1933 дар наздикии шаҳри Арбил - маркази кунунии минтақаи Курдистони Ироқ ба дунё омад. Ӯ нахустин раиси ҷумҳури ғайри араби Ироқ буд, ки дар соли 2005, яъне ду сол пас аз сарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн ба ин мақом расид. Ин шахсияти барҷастаи курд бештари умри худро сарфи муборизаҳои чирикӣ бо ҳукумати Саддом Ҳусейн кард ва раҳбари "Иттиҳодияи коргарони Курдистон" буд.

Марги вай як ҳафта пас аз баргузории ҳамапурсии пурсарусадои истиқлоли Курдистон рух медиҳад. Ҳамсари Ҷалол Толибонӣ ва рафиқи муборизаҳои ӯ ва ҳамчунин Иттиҳодияи коргарони Курдистон танҳо ба ҳимоят аз ин ҳамапурсӣ, иктифо карданд. Дар ин ҳамапурсӣ беш аз 92 дарсад ба ҷудоӣ аз Ироқ раъй доданд. Иттиҳодияи коргарони Курдистон бар хилофи Масъуд Боризонӣ ба таври суннатӣ бо гурӯҳҳои шиаи мавриди ҳимояти Эрон, ки ҳоло дар Бағдод ҳукумат дар дасти онҳост, муносибатҳои нек дорад.

Дар ҳоли ҳозир Фуод Маъсум, узви дигари Иттиҳодияи коргарони Курдистон раиси ҷумҳури Ироқ аст. Бар асоси низоми тақсими қудрат дар Ироқ, раиси ҷумҳур бояд курд, нахуствазир шиа ва раиси парлумон бояд суннӣ бошад. Аммо қудрати аслӣ дар дасти нахуствазир аст. Қубод, яке аз писарони Ҷалол Толибон дар ҳоли ҳозир муовини нахуствазири минтақаи Курдистони Ироқ буд.