Маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як масъули раёсати Вазорати рушди иқтисод ва узви Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе бо иттиҳоми гирифтани ним миллион доллар “пора” боздошт кардаанд.
Мақомоти Оҷонсии зиддифасод рӯзи 3-юми октябр гуфтанд, Аскар Нурализода ин маблағро аз шаҳрванде, ки аз ӯ ном бурда намешавад, барои шомил кардани барномаи давлатии сармоягузорӣ барои рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ба сифати “пора” гирифтааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, ин мақоми вазорат ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Мақомот мегӯянд, баъдан ҳангоми тафтиши манзили зисти Нурализода 10 ҳазор доллари дигар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, ёфт шудааст.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба ин мақомдори Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои “в” ва “г”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардааст. То ҳол вакили дифоъ ваё наздикони Аскар Нурализода дар ин бора изҳори назар накардаанд.