Ҷоизаи Нобелро ба се олим барои шарҳи "соати биологӣ"

Барандагони ҷоиза Нобел

Академияи салтанатии Шведсия рӯзи душанбеи 2 октябр ҷоизи Нобел дар бахши физиология ва тибро ба гурӯҳи олимон - Майкл Янг, Ҷефри Ҳолл ва Майкл Росбаш тақдим кард.

Гуфта мешавад, ки ҷоиза ба ин гурӯҳ барои кашфи механизми молекулаҳо, ки равандҳои биологӣ дар ҷисми инсонро назорат мекунанд, тақдим гардид. "Онҳо тавонистанд ба дохили соати биологии ҷисми инсон ворид шаванд ва кори онро шарҳ диҳанд,"- гуфтанд дар кумитаи Нобел.

Барандагони ҷоиза Нобел дар бахши физик, кимиё ва адабиёт дар тӯли ҳафта ва барандаи ҷоиза дар бахши иқтисод ҳафтаи оянда эълон мешавад.