Ҷангиёни ДИИШ ал-Қариятайни Сурияро тасарруф карданд

Ҷангии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"

Ҷангиёни гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" (ДИ) охири ҳафтаи гузашта шаҳри ал-Қариятайни Сурияро таҳти назорат қарор доданд. Дар ин бора Маркази назорати ҳуқуқи инсон дар Сурия иттилоъ дод.

Ин иттилоъро рӯзноманигорони маҳаллии Сурия низ дар Твиттер тасдиқ карданд. Шаҳри ал-Қариятайн дар ақибгоҳи дури нирӯҳои ҳукумати Сурия, дар ҷанубу ғарби шаҳри Палмира ҷойгир аст.

Бино ба хабарҳо, дар ин шаҳр шохаи пинҳонии ДИИШ амал мекард. Ишғоли шаҳр бо ҳамлаи бузурги ҷиҳодиён ба мавзеи нирӯҳои ҳукуматӣ дар ҷануби шаҳри Дайр-уз-Зор ҳамзамон сурат гирифтааст.