"Маҳсулоти бесифат аз ҳама бештар аз Чину Эрону Русия меояд"

Бахши Оҷонсии "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд мегӯяд, ки дар соли гузашта аз ҳама бештар ба шимоли кишвар аз Чин, Эрон ва Русия молу маҳсулоти бесифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузашта, ворид шудааст. Маҳкамбой Каримов, сардори Хадамоти матбуоти "Тоҷикстандарт" гуфт, дар шаш моҳи аввали ҳамин соли ҳудуди 52 тонна молу маҳсулоти пастсифат ошкор гардид, ки ин се кишвар ворид шудаанд. Ӯ афзуд, қанду ҳасиб, хурмои хушк, нӯшокиҳои спиртӣ ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумлаи ин маҳсулот буда ва бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи сифат, нобуд карда шуданд. Бахши “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 5 ҳазор номгӯ хӯроквориро дар фурӯшгоҳу бозорҳо мавриди санҷиш қарор дода, 166 навъи онро бесифат дарёфтааст.