Мақомоти интизомии Узбакистон нависандаи Нурулло Отахоновро, ки ҳафтаи гузашта боздошт шуда буд, озод карданд. Отахонов рӯзи 1-уми октябр ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки пулис ӯро аз маҳбас ба хона интиқол дод ва ҳоло дар иҳотаи наздиконаш аст ва ҳама хушҳол ҳастанд. Писари ӯ Файзуллин Отахонов дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки падарашро ҳини интиқол аз маҳбас ба хона, раҳбари пулиси минтақаи Яшнаободи Тошканд ҳамроҳӣ мекард.
Ин нависандаи 63-сола гуфт, аммо пулис сабаби боздошт ва ҳамчунин раҳоии ӯро шарҳ надод ва ҳамчунин ҳоло маълум нест, ки оё парванда алайҳи ӯ қатъ шудааст ё на. Ҳамзамон торнамои Kun.uz аз қавли муовини раиси пулиси шаҳри Тошканд Дониёр Тошхуҷаев гузориш додааст, Отахонов бинобар он, ки иддаоҳо дар мавриди даст доштани ӯ дар терроризм таъйид нашуд, раҳо гашт.
Нуруллоҳ Отахонов, нависандаи 63-солаи узбак баъди ду соли фирори ихтиёрӣ рӯзи 27-уми сентябр ба Тошканд баргашт ва дар фурудгоҳ боздошт шуд. Ин нависанда, ки солҳои охир дар Туркия истиқомат мекард, пеш аз парвози Истанбул ба Тошканд гуфт, бо даъвати Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон ба ватанаш бармегардад. Мирзиёев чанде пеш аз ҳамаи узбакҳои хориҷ даъват кард, ки ба ватанашон баргарданд. Нуруллоҳ Отахонов ду сол пеш бо даъвати нашрияи истанбулии Ferfir ба Туркия рафта буд.
Нуруллоҳ Отахонов ҳукумати Ислом Каримовро дар китоби "Ин рӯзҳо" танқид мекунад. Вай мегӯяд, баъди нашри китоб мақомоти Узбакистон ӯро "душмани халқ" ва "ватанфурӯш" номидаанд. Охири соли 2013 Отахонов бо баҳонаҳои номаълум аз мудирии нашриёти "Мовароуннаҳр" ва сармуҳарририи маҷаллаи "Ҳидоят" барканор шуд. Баъди ин ӯро шомили рӯйхати одамони "номақбул" карданд.
Моҳи августи соли ҷорӣ ҳукумати Узбакистон хабар дод, чанд ҳазор одам аз рӯйхати сиёҳи пайравони ҷараёнҳои тундгарои динӣ ва дигарандешон хориҷ шудаанд. Нуруллоҳ Отахонов мегӯяд, маҳз ҳамин тасмим ӯро водор кардааст, ки ба ватан баргардад.