Иёлоти Муттаҳидаи Амрико натиҷаи референдуми истиқлолияти минтақаи худмухтори Курдистони Ироқро эътироф нахоҳад кард. Ин раъйпурсӣ рӯзи 25-уми сентябр баргузор шуд.
Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 29-уми сентябр бо нашри як баёния гуфт, ки ин референдум ғайриқонунист. Дар идомаи баёния ҳимояти Амрико аз як Ироқи муттаҳид, демократӣ ва шукуфо баён шудааст.
Беш аз 92 дарсади ширкаткунандагон дар раъйпурсии рӯзи 25-уми сентябр аз истиқлоли минтақаи Курдистон аз Ироқ ҳимоят карданд. Ҳукумат ва порлумони Ироқ ин ҳамапурсиро ғайриқонунӣ хондааст.
Пеш аз ин, Амрико низ бо баргузории ин ҳамапурсӣ мухолифат карда буд.