Вазири Чеченстон дар умури сиёсати миллӣ Ҷамбулат Умаров мегӯяд, ки овозхони нопадидшуда зинда аст. Ӯ дар ин бора ба шабакаи телевизионии "Настоящее время" хабар дод. Ба гуфтаи ин мақомдори Чеченистон, Бақоев гӯё аз касе қарздор аст ва аз ин рӯ дар берун аз қаламрави ҷумҳурӣ пинҳон шудааст. Умаров ҳамчунин саҳнасозии таблиғотӣ будани ин нопадидшавиро соқит намекунад.
Ҷамбулат Умаров мавзӯи нопадид шудани ситораи поп Зелимхон Бавқоевро баъди пайдо шудани як навор дар сомонаи телевизиони расмии "Грозний" шаҳр дод. Сомонаи телевизиони давлатӣ рӯзи 24 сентябр навореро пахш кард, ки дар он овозхон ба як дӯсташ бо номи Ислом муроҷиат кард ва гуфт, ки ӯ дар Олмон аст. Дӯстони овозхон бовар доранд, ки ин навор саҳнасозӣ буда, ҷони Зелимхон Бақоев дар хатар аст. Наздикони овозхон иддао доранд, ки Зелимхонро кормандони идораҳои ҳифзи ҳуқуқи Чеченистон рабуданд ва ӯро дар зиндони пинҳонӣ нигаҳ медоранд.
Пештар аз Ҷамбулат Умаров нопадид шудани овозхони шинохтаро "сафсатта" унвон кард ва гуфта буд, ки ӯ баъди чанде падо хоҳад шуд.
Зелимхон Бақоевро рӯзи 8 август нафароне дар Грозний боздошт карданд, ки дар тан либоси низомӣ доштанд. Бақоев овозхони ҷавон вале шинохта аст, ки дар саҳнаҳои Ингушистон, Доғистон ва Маскав ҳунарнамӣ мекард. Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ки мақомоти Чеченистон овозхонии ӯро дар ҷумҳурӣ манъ карданд, зеро ба назари онҳо таронаҳои Зелимхон аз он чӣ мардум дар ин ҷо гӯш мекунад, бисёр фарқ мекунад.