Боздошти як нозири зиндонҳо барои талаби 11000 сомонӣ “пора”

Як нозири калони Идораи корҳои ислоҳӣ ё зиндонҳои вилояти Хатлон бо гумони талаби “пора” боздошт шудааст. Мақомоти Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон рӯзи 28-уми сентябр гуфтанд, ки Ҳамдам Одинаев дар маҷмуъ ба талаби 11 ҳазор сомонӣ ришва муттаҳам аст.

Ба иттилои мақомоти Оҷонсӣ, “Одинаев барои таъини ҷазои ғайриҳабси тавассути додгоҳ аз шаҳрванд “А” 11 ҳазор сомонӣ талаб намуда, 1000 сомониашро гирифтааст. Вай боз оварда додани боқимонда 10 ҳазор сомонии дигарро талаб намуда буд".

Ҳамдам Одинаев ҳангоми гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд "А" боздошт шудааст.

Нисбат ба Ҳамдам Одинаев бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.