Туркия дар мавриди воридоту содироти нафти хом фақат бо ҳукумати расмии Ироқ ҳамкорӣ хоҳад кард. Дар ин бора дафтари нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ рӯзи 28 сентябр, баъд аз гуфтугӯи телефонии Ибодй бо ҳамтои туркаш Биналӣ Йилдирим хабар дод. Дар ин сӯҳбат нахуствазири Туркия омодагии кишварашро барои пуштибонӣ аз ҳама тасмимҳои Бағдод баъд аз ҳамапурсӣ оид ба истиқлолияти Курдистон иброз дошт.
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Анкара созиши вориди нафти хом аз Курдистони Ироқро идома дода хоҳад дод ё на.
Парлумони Ироқ рӯзи 27 сентябр аз Ибодӣ хост, ки ба вилояти курднишини Каркук нерӯи низомӣ фиристад, то чоҳҳои нафти минтақаро таҳи назорат бигирад. Каркук, минтақаи нафтхези Ироқ, аз соли 2014 ба ин сӯ зери назорати нерӯҳои пешмаргаи курд аст. Нерӯҳои пешмарга гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро аз ин вилоят берун кардаанд ва онҳоро аз имкони истифодаи чоҳҳои нафти минтақа маҳрум сохтанд.
Ҳукумати иқлими Курдистон Каркукро, ки он ҷо асосан арабҳо ва туркманҳо ба сар мебаранд, ватани таърихии курдҳо мехонад.
Порлумони Ироқ ба нахуствазир Ҳайдар Ибодӣ ваколат додааст, то ба Каркук ва дигар минтақаҳои вориди низоъ миёни Бағдод ва иқлими Курдистон, ки дар хориҷ аз иқлими Курдистон ҳастанд, нерӯи низомӣ фиристад. Аммо Ибодӣ истифода аз зӯр дар қазияи Курдистонро радд карда ва гуфтааст, ки хостори ҷанг миёни шаҳрвандони Ироқ нест.
Ёдовар мешавем, Комиссияи олии ҳамапурсӣ ва интихоботи Курдистони Ироқ рӯзи 27-уми сентябр эълон кард, ки беш аз 92 дарсади афроди дорои ҳаққи раъй, дар референдум ба тарафдорӣ аз истиқлоли ин минтақа аз Ироқ овоз доданд. Ба иттилои расмӣ, мизони иштироки афроди дорои ҳаққи раъй дар интихобот 72 дарсад буд. Дар раъйпурсии рӯзи 25-уми сентябр 3 миллиону 304 ҳазору 925 нафар сокинони се вилояти Курдистон ба иловаи бархе манотиқи мавриди низоъ миёни ин иқлим ва ҳукумати Ироқ ширкат карданд.
Аз баргузории ҳамапурсӣ Ироқ, Туркия ва Сурия ба хашм омадаанд. Ҳайдар Ибодӣ, ки ҳамапурсиро ба расмият намешиносад. Ӯ хостори лағв кардани натиҷаҳои референдум шуд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия иқлими Курдистонро ба таҳримҳо таҳдид карда ҳушдор дод, ки мардуми ин минтақа гурусна хоҳанд монд.