Овозхони маъруф Душанбе Паллаев даргузашт

Овозхони маъруф, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Душанбе Паллаев субҳи 27-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ аз дунё даргузашт. Нобовар Чаноров, овозхони тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи наздиконаш, Душанбе Паллаев аз бемории дил ранҷ мебурд ва чанд сол қабл дар Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе ҷарроҳиро паси сар карда буд. Душанбе Паллаев аз машҳуртарин овозхонҳои Бадахшон ба шумор мерафт ва ҳудуди панҷ сол пеш унвони Хофизи халқии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Ин овозхони маъруф ва соҳибмактаб соли 1950 дар ноҳияи Шуғнон ба дунё омада ва дар шаҳри Хоруғ зиндагӣ мекард. Пас аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) шомил шуд ва пас аз хатми он ба Бадахшон рафт ва то охири умр дар рушди фарҳангу санъат саҳм гузошт. Фирӯз Паллаев, писари Душанбе Паллаев дар ҳоли ҳозир касби падарро идома дода ва дар гурӯҳи ҳунарии "Сарез" фаъолият менамояд.

"Ҳама офоқ харидорӣ ту бод", "Зиндагӣ бе ту маро талх буд", "Ба чашмаи Носир биё" аз машҳуртарин сурудҳои Душанбе Паллаев мебошанд. Ба гуфтаи коршиносони соҳа, аз вижагиҳои мактаби мусиқии Душанбе Паллаев ин буд, ки бо як асбоб -- рубоб ғазалсароӣ мекард ва низ бастакори моҳир буд. Нобовар Чаноров мегӯяд, то ба ҳол гурӯҳҳои нави мусиқӣ сурудҳои ӯро такмил намуда ва месароянд.