Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи буҷети кишварро барои соли 2018 таҳия кардааст, ки бахши умдаи хароҷоташ ба соҳаи маориф ва тандурустӣ сарф хоҳад шуд. Дар Вазорати молия рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи буҷети кишвар бо ҳамаи вазорату идораҳо мувофиқа шудааст.
Буҷети соли 2018-и Тоҷикистон бо даромади 20 миллиарду 643 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Бар асоси ин нақша, даромадҳои буҷет нисбат ба соли равон бояд 7,5 дарсад бештар шавад.
Масъулони таҳияи буҷети Тоҷикистон мегӯянд, ки каср ё камомади буҷет дар соли оянда 334 миллион сомонӣ баробар бо 0,5 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст.
Тарҳи буҷети кишвар дар сурати тасвиб шудан аз ҷониби ҳукумат то анҷоми моҳи октябр ба порлумон барои баррасӣ фиристода хоҳад шуд. Дахлу харҷи буҷети Тоҷикистон дар шакли кунунӣ дар сурате иҷро хоҳад шуд, ки таваррум дар сатҳи 7 дарсад ва рушди иқтисод низ то ба 7 фисад бирасад.
Буҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 19,5 миллиард сомонӣ аст, аммо хароҷоташ 19,6 миллиарду 100 миллион сомонӣ, яъне бештар аз даромадҳояш аст.
Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфта буданд, ки камомади даромадҳои буҷетро аз ҳисоби фурӯши амволи давлатӣ ва қарзу гранти созмонҳои байналмилалӣ пур хоҳад кард.