Навоз Шариф дар робита ба иттиҳоми фасод ба додгоҳ эҳзор шуд

Алайҳи нахуствазири пешини Покистон Навоз Шариф иттиҳоми нави марбут ба фасод ироа мешавад. Ӯ рӯзи 26 сентябр бори аввал баъди истеъфояш аз мақоми нахуствазирӣ дар додгоҳи зидди фасод ҳозир шуд.

Навоз Шарифро як рӯз баъди бозгашташ аз Лондон, ки он ҷо хонумаш мавриди муолиҷа қарор дорад, ба додгоҳ даъват карданд. Дар канори бинои додгоҳ издиҳоми бузурге аз ҷонибдорони ӯ ҷамъ омада буд.

Ҷонибдорони Навоз Шариф дар канори додгоҳ. Исломобод, 26 сентябри соли 2017

Навоз Шариф ба зудӣ бинои додгоҳро тарк намуд ва дар мурофиа вакилони дифои ӯ ширкат доранд.

Додгоҳ аз ду писар, духтар ва домоди Навоз Шариф хост, ки ҳафтаи оянда барои бозпурсӣ ҳозир шаванд.

Қарор аст, ки додгоҳ рӯзи 2 октябр Навоз Шарифро аз рӯи се парванда дар фасод айбдор кунад.

Навоз Шариф ва се фарзанди ӯ дар фасодкорӣ замони нахуствазирияш дар солҳои 90-уми қарни гузашта муттаҳам мешаванд. Рақибони сиёсии Навоз Шариф ӯ ва хонаводаашро дар шустушӯи пул ва аз ҳисоби сармояи давлат харидории амвол дар Лондон айбдор мекунанд. Аммо пайвандони Навоз Шариф мегӯянд, ки амволро дар Лондон солҳои 80-ум баъд аз сармоягузорӣ дар Қатар харидаанд.

Ҷонибдорони Навоз Шариф мутмаинанд, ки нахуствазири пешин аз сӯи фармондеҳони баландпояи низомии Покистон таъқиб мешавад.

Аз ин пеш Навоз Шариф, ки охири моҳи июл бо қарори Додгоҳи олии Покистон аз масъулияташ маҳрум шуд, чандин бор ҳукми додгоҳро ба боди танқид кашид. Ӯ мегӯяд, ки ин ҳукми Додгоҳи олӣ ба маънои арҷ нагузоштан ба раъйи мардум аст. Навоз Шариф рӯзи нӯҳуми август як роҳпаймоиро таҳти номи “Корвони демократия” роҳандозӣ кард, ки аз Исломобод оғоз ёфт ва дар шаҳри Лоҳур поён ёфт. Нахуствазири пешини Покистон то расидан ба Лоҳур дар се шаҳр таваққуф карда ва дар ҳузури тарафдоронаш суханронӣ намуд.