Пётр Порошенко омӯзиши забони украиниро ҳатмӣ кард

Раисиҷумҳури Украина Пётр Порошенко бо имзои тарҳи қонун “Дар бораи маориф” омӯзиши забони украиниро дар мактабҳои кишвар ҳатмӣ кард. Бар пояи санаде, ки рӯзи 25 сентябр имзо шуд, дар ҳама мактабҳо аз синфи панҷум омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ шурӯъ мешавад.

Тарҳи ин қонун мавриди танқид ва нигаронии аққалиятҳои миллии Украина - русҳо, лаҳистониҳо, руминҳо ва маҷорҳо қарор гирифта буд. Мақомоти Киев мегӯянд, ки қонун ба намондагони ин аққалиятҳо таҳсил бо забони модариро манъ намекунад. Бар пояи тарҳи нав, дар мактабҳо барои аққалиятҳои миллӣ дарси иловагии забони модарӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

Мақомоти Русия аз ин қонун шадидан интиқод карданд. Дар Кремл онро чун “таҳмили забони украинӣ дар кишвари сермиллат” арзёбӣ намуданд.

Пётр Порошенко ҳангоми имзои тарҳи қонун изҳор кард, ки он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалист ва намунае барои кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Ба иттилои сомонаи интернетии раисиҷумҳури Украина, Порошенко гуфтааст, ки қонун ба ҳар хатмкунандаи мактаб имкони боло рафтан дар зинаҳои мансабро дар Украина муҳайё месозад.

Бо имзои тарҳи қонун санади пешин, ки аз сӯи раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович соли 2012 имзо шуда буд, аз эътибор соқит мешавад. Бар пояи қонуни пешин, аққалиятҳои миллие, ки дар ин ё он минтақаи Украина 10 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд, метавонистанд забони модарии худро ҳифз кунанд.