Хабарнигори тоҷик Даврон Ғуфронов, ки моҳҳои охир аз бемории ихтилоли асаб ранҷ мекашид, дар 44-солагӣ даргузашт. Маросими дафни ӯ рӯзи 24-уми сентбяр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз марги ӯ хабарнигорон барои кумак ба табобати Даврон Ғуфронов аз ҳамкорони худ ёрӣ пурсида буданд.
Иршод Сулаймонӣ, сардабири нашрияи “Озодагон”, ки Даврон Ғуфронов се соли ахир бо онҳо ҳамкорӣ дошт, гуфта буд, бар асари бемории ихтилоли асаб дасту пойи ин хабарнигори тоҷик тақрибан 80 дарсад аз кор монда, тавонмандии гапзанияш тақрибан то 70 дарсад гум шудааст.
Даврон Ғуфронов дар гузашта дар хабаргузорӣ ва нашрияи “Азия-Плюс” ба ҳайси шореҳи варзиш кор мекард. Аз ӯ хабарнигори чирадасти соҳаи варзиш ном бурда мешавад.
Ӯ дар Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар низ кор кардааст.