Додгоҳи шаҳри Маскав талаби раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот" аз меҳмондорҳои худро дар бораи андозаи либосашон табъиз номид. Дар ин бора дар қарори додгоҳ, ки охири ҳафтаи гузашта дар пайи баррасии шикояти меҳмондорҳои ширкат содир гашт, хабар дода шудааст.
Коллегияи додгоҳи шаҳрии Маскав ба хулосае омадаанд, ки иҷрои банди "Талабот аз аъзои ҳайати экипаж"-и фармони мудири кулли ширкати "Аэрофлот" ҳатмӣ нест, чун он хусусияти табъизӣ дорад.
Додгоҳ рӯзи 6-уми сентябр шикояти меҳмондор Евгения Магуриноваро аз болои қарори раҳбарияти "Аэрофлот", ки пӯшидани либосҳои аз андозаи 48 калонро барои меҳмондорҳо манъ мекунад, баррасӣ ва онро бекор кард.
Радиои Озодӣ охири моҳи феврали имсол мусоҳибаеро бо меҳмондор Евгения Магуринова нашр кард, ки аз соли 2010 ба ин сӯ дар "Аэрофлот" кор мекунад. Ӯ гуфт, аз тобистони соли 2016 хидматрасонии меҳмондорҳои аз 40-сола боло ва онҳое, ки андозаи либосашон аз 48 бузург аст, дар парвозҳои хориҷӣ манъ шудааст.
Ин иттилоъро меҳмондорҳои дигари ширкат низ тасдиқ карданд. Вале худи "Аэрофлот" мавриди табъиз қарор гирифтани кормандонашро аз нигоҳи зоҳирӣ ва сару либос рад мекунад.