Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикстон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, бархӯрди мақомоти Мянмар бо мусалмонҳои қабилаи Роҳинҷаро маҳкум кард. Масъулони ин шӯро охири ҳафта дар вебсайти расмии худ аз сокинони мусалмони кишвар хостаанд, ки дар ҳаққи пайравони дини ислом дар Мянмар дуо кунанд.
Онҳо гуфтаанд, “қазияи мусалмонони Мянмар ва занону кӯдакони онҳо” ҳеҷ нафарро бетараф гузошта наметавонад. “Мо дар ҳаққи онон дуои хайр мекунем. Таърих гувоҳ аст, ки Худованд ҳаққи мазлумро мегирад ва золимро ҷазо медиҳад. Мо бояд дар ҳаққи бародарони мусулмонамон дар ҳар намоз, хусусан дар намозҳои таҳаҷҷуд дуо кунем”, - таъкид шудааст дар вебсайти расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Дар идома ин ниҳоди динӣ сокинони кишварро дар замони, ба гуфтаи онҳо пурфитна, барои ҳифзи “як пора замини ором” даъват кардааст.
Тайи як моҳи ахир беш аз 400 ҳазор мусалмони Роҳинҷа дар пайи зӯроварии низомиёни Мянмар ба кишвари ҳамсояи Бангладеш фирор кардаанд. Ҳодисаҳои Мянмар вокуниши бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро барангехт. Амрико аз раҳбарони ин кишвар хост, ки ба хушунатҳо поён диҳанд ва барои паноҳандагон имкони расондани кумакҳои башардӯстона ва бозгашт ба хонаҳояшонро фароҳам кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар аввали моҳи сентябр дар як суҳбати телефонӣ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, ҳодисаҳои Мянмарро маҳкум карда ва онро натиҷаи исломбадбинӣ номид. Ахиран як созмони хайриявии тоҷикон дар Русия эълон кард, ки кумакҳои молии муҳоҷиронро ба паноҳандаҳои Роҳинҷа ба Бангладеш бурдааст.
Аммо ҳукумати Мянмар иттиҳоми ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонҳоро рад карда ва мегӯяд, ки фақат шӯришгаронро саркӯб кард.