Сафири Тоҷикистон қазияи Наврӯз Зикировро баррасӣ кардааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Имомуддин Сатторов – сафири Тоҷикистон дар Русия – дар сӯҳбат бо Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии он кишвар, ҳодисаи шаби 20-уми сентябр дар маркази тиҷоратии “Москва”-ро баррасӣ кардааст. Он шаб посбонҳои ин марказ муҳоҷири тоҷик Наврӯз Зикировро мавриди латту кӯб қарор доданд ва ӯ дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Ба дунбол, гурӯҳи муҳоҷирон дар назди бозор таҷаммӯъ карда, пулиси вижа онҳоро боздошт ва ба идораи пулис бурд.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон мегӯянд, мулоқоти Имомуддин Сатторов бо муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи 22-юми сентябр сурат гирифт. "Ду тараф ҳолати кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи созишномаҳоеро, ки дар сатҳи олии ду кишвар имзо шудааст, баррасӣ намуданд", - гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Имомуддин Сатторов ва Георгий Карасин

Аммо, ба қавли манбаъ, таваҷҷуҳи бештар ба ҳодисаи шаби 20-уми сентябр дар маркази тиҷоратии "Москва" нигаронда шуда буд. Тарафҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки тамоми чораҳоро хоҳанд дид, то ба ин монанд ҳодисаҳо рух надиҳад.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 21-уми сентябр гуфта буданд, ки аз вазъи сиҳатии Наврӯз Зикиров хабар доранд. Сарвар Бахтӣ, як масъули сафорат, баъди дидорбинии Наврӯз Зикиров дар дохили утоқи бемористон гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи нейрохирургия бистарӣ аст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ки баҳси ӯ бо ду муҳофизи маркази тиҷоратӣ сари пардохти пул бархост ва онҳо ӯро канор бурда, ба ноҳияи сараш заданд. Қисмҳои дигари баданаш осеб надидаанд.

Пулиси Маскав мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон тибқи моддаи 116-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз кардааст. Ҳадди аксари ҷазо тибқи ин модда ду соли зиндон муайян шудааст.