Вазорати дохилии Русия раҳбари "Давлати Масеҳи"-ро боздошт кард

Раҳбари "Давлати Масеҳӣ" Александр Калинин

Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, ки раҳбари ҷумбиши "Давлати Масеҳӣ- Русияи муқаддас" Александ Калининро боздошт кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 21 сентябр гузориш дод.

Калинин дар заминаи парвандаи оташ задани мошин дар назди идораи вакили коргардони рус Алексей Учител боздошт шуд, ки филми "Матилда"-и ӯ дар ин авохир баъзе гурӯҳҳо, аз ҷумла "Давлати Масеҳӣ"-ро ба хашм овардааст. Қаблан матбуот хабар дод, ки Калинин баъди бозпурсӣ дар идораи пулис озод шудааст, аммо ин хабар тасдиқи худро наёфт.

Дар робита ба парвандаи оташ задани мошин қаблан се нафар боздошт шуда буд. Мақомот ҳангоми кофтуков дар хонаи Калинин шишаҳои ҳомили маводи сухт ва навиштаҷоти "Барои Матилда бисӯз"-ро пайдо карданд.

Филми коргардони шинохта Алексей Учител - "Матилда", аз равобити ошиқонаи императори оянда Николайи II бо раққосаи балет Матилда Кшесинская ҳикоят мекунад. Мухолифони ин филм мегӯянд, ки он эҳсоси мазҳабии мардумро таҳқир мекунад.