Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии СММ рӯзи 20-уми сентябр дар Нй-Йорк бо нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқот кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Канада барои кӯмак ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ва Канада мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, энержӣ, нақлиёт, амният, бехатарӣ ва ҳифзи марзҳо, баён карданд. Тақвияти ҳамгироиҳои байниҳукуматӣ дар мубориза бо чолишҳои амниятӣ ва қочоқи маводи мухаддир, аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯи оқои Раҳмон бо нахуствазири Канада будааст. Эмомалӣ Раҳмон аз сарвазири Канада даъват кардааст, ки аз Тоҷикистон дидан намояд.
Дар ҳошияи нишасти Маҷмааи умумии СММ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр ҳамчунин бо мудири Барномаи рушди СММ Ахим Штайнер мулоқот кард. Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот бо мудири Барномаи рушди СММ масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баҳс қарор доданд. Аз ҷумла ҷонибҳо оид ба коҳиш додани сатҳи камбизотӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳалли масоили ҷаҳонии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, барқарорсозӣ ва рушди соҳаи маориф, табодули назар намуданд.