Левада: русиягиҳо омадаанд ба номзади мавҷуднабуда райъ диҳанд

Инфографикаи боварии русҳо ба ҳукумат, Думаи давлатӣ

Маркази омӯзиши афкори умуми Русия, "Левада-Центр дар робита ба интихоботи президентии соли оянда як озмоиш баргузор кард. Натиҷаи озмоиш рӯзи 20 сентябр пахш шуд.

Дар суолномаи марбут ба интихобот номи "Андрей Семенов"- сиёсатмадор имавҷуднабуда, ворид шуд, ки гӯё дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2018 номзад пешниҳод мешавад ва Путин ба таври ошкор аз ӯ пуштибонӣ мекунад.

Дар ин озмоиш 18 дар сади русиягиҳо, ки дар бораи "Семенов" ба ҷуз ин ки Путин аз ӯ пуштибонӣ мекунад, чизе намедонистанд, гуфтанд, ки омодаанд ба тарафдории "Семенов" райъ диҳанд.

Аммо аз се ду ҳиссаи пурсидашудаҳо гуфтанд, ки "Семенов"-ро намешиносанд, агарчӣ Путин аз ӯ пештибонӣ мекунад, вале омода нестанд ба номзади ношинос овоз диҳанд.

"Левада-Центр" мегӯяд, ин озмоиш ба хотире баргузор шуд, ки ҳоло дар афкори ҷомеъаи Русия тасаввури ҷойгузини президент Путин шакл нагирифтааст.