Мирзиёев бо ҳавопаймои шахсии Усмонов ба Ню-Йорк рафт

Раиси ҷуҳмури Узбакистон дар Амрико

Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо ҳавопаймои шахсии миллиардери рус Алишер Усмонов ба шаҳри Ню-Йорки Амрико сафар кард.

Ба иттилои сомонаи Flightradar24, ки имкони пайгирии ҳавопаймоҳоро дорад, президенти Узбакистон бо ҳавопаймои Airbus A340-313 парвоз кард, ки дар радар бо рамзи "M-IABU" сабт шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин рамз ба ҳавопаймои Усмонов тааллуқ дорад.

Шавкат Мирзиёев шоми рӯзи 18 сентябр барои иштирок дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи умумии СММ ба Ню-Йорк сафар кард.

Ҳавопаймои Airbus A340-313-и Усмонов яке аз гаронтарин ҳавопаймоҳои ҷаҳон ба шумор меояд ва 350 миллион доллар арзиш дорад. Ҳавопаймо ба номи падари миллиардер -- "Бурҳон" номгузорӣ шудааст. Рақами ба қайдгирии ҳавопаймо "M-IABU" буда, чаҳор ҳарфи охири он -- «IABU» маънои «I am Алишер Бурҳонович Усмонов»-ро дорад.

Маълум нест, ки чаро президенти Узбакистон на бо ҳавопаймои давлатӣ, балки бо ҳавопаймои шахсии Усмонов ба Ню-Йорк рафтааст.