Гирдиҳамоӣ дар Бишкек зидди истифодаи манбаъҳои маъмурӣ дар интихобот

Дар Хиёбони ҷавонони шаҳри Бишкеки Қирғизистон 17 сентябр гирдиҳамоии "Мо наметарсем!" баргузор шуд. Ин гирдиҳамоӣ бо ҳадафи зиддият ба фишор болои мактабҳои олӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи президенти Қирғизистон ба масъалаи истифодашавии манбаъҳои маъмурӣ дар интихобот, ташкил шуд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, дар гирдиҳамоӣ намояндагони бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ, донишҷӯён ва ҷавононе, ки бетараф нестанд, ширкат кардаанд. Ин гирдиҳамоӣ наздики 100 нафарро ҷамъ овард. Чандин тан аз ширкаткунандагон бо ишора ба раъйдиҳии иҷборӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади мушаххасе дастҳо, чашмҳо ва даҳонашонро бо банди сиёҳ бастанд. Бархе дигар аз ҷавонон парчам ва акси ректору омӯзгори яке аз донишгоҳорро, ки ба раъйдиҳии иҷборӣ ҳидоят мекунанд, бардошта ба сӯи ҷавонони дастбаста рафта, дасту чашмони онҳоро боз карданд. Дар ин гирдиҳамоӣ ширкатдорон аз ҷавонон хостанд, ки аз фишорҳо наҳаросанд ва бо хостаи худ раъй диҳанд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки "намегузорад дар рафти маъракаи интихоботӣ аз манбаъҳои маъмурӣ истифода шавад".