Пулиси Бритониё рӯзи 17-уми сентябр гуфт, ки як нафари дигарро дар робита ба ҳамла дар як истгоҳи метрои Лондон боздошт кардааст. Рӯзи гузшта дар пайванд ба ин ҳодиса як ҷавони ҳаждаҳсола боздошт шуда буд.
Пулиси Бритониё гуфт, нафари дувум 21-сола буда, амалиёти боздошташ дар ғарби Лондон сурат гирифтааст. Феълан аз ӯ ном бурда намешавад.
Як дастгоҳи пинҳоншудае, ки субҳи 15-уми сентябр дар истгоҳи “Парсонс Грин”-и метрои Лондон ба кор даромад, 30 нафарро захмӣ кард. Ин истгоҳ субҳи шанбе дубора мавриди истифода қарор гирифт, аммо нахуствазири Бритониё Тереза Мей хатари терроризм ба кишварашро хеле боло арзёбӣ намуд.
Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар як эъломия масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.