Нирӯҳои демократии Сурия: "Русия моро ҳадаф қарор дод". ВИДЕО

Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба нирӯҳое, ки аз тарафи Вашингтон дар Сурия ҳимоят шуда, алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд, ҳамла кардаанд. Дар натҷиаи ин ҳамлаҳо теъдоде аз ин нирӯҳо захмӣ шудаанд.

Ба дунболи нашри ин хабар нирӯҳои демократии Сурия таҳти ҳимояти Амрико иддао карданд, ки ҳавопаймоҳои Русия мавзеи онҳоро дар шаҳри Дайр-аз-Зур мавриди ҳамла қарор доданд.

Нирӯҳои демократии Сурия мегӯянд, ки шаш нафар аз ҷангҷӯёнашон захмӣ шуданд.

Ин нирӯҳо ҳамчунон гуфтанд, ки дар ҳамлаҳо ба мушовирони Эътилоф кадом талафоте ворид нашудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Артиши Сурия бо муттафиқонаш ноҳияи Ҷафраи канори Дайр аз-Зурро ба тасарруф даровард.