Мирзиёев бо даъвати Бердимуҳаммадов ба Ишқобод меравад

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 17-уми сентябри имсол аз Туркманистон дидан хоҳад кард. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ доданд.

Мирзиёев дар ҷараёни ин сафар дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон иштирок мекунад.

Ҳамчунин, интизор меравад, президенти Узбакистон бо раҳбарони як қатор кишварҳои хориҷӣ дар Ишқобод мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.

5-умин Бозиҳои осиёӣ аз 17 то 27 сентябри соли равон дар Ишқобод баргузор мешаванд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар ин мусобиқаҳо аз Узбакистон 189 варзишгар иштирок хоҳанд кард.