ФСБ дастур дод, ки эвакуатсияи анбӯҳи мардум шарҳ дода нашавад

Эвакуатсияи одамон дар пасманзари таҳдиди инфиҷор дар Русия. 14-уми сентябри соли 2017

Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, интиқоли анбӯҳи мардум аз шаҳрҳо ба маконҳои дигарро, ки баъди хабари бомбагузориҳо оғоз шуд, бо дастури ФСБ шарҳ намедиҳанд. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" рӯзи 15-уми сентябр бо такя ба корманди дафтари матбуоти яке аз ин вазоратҳо гузориш дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Хадамоти федеролии амният - ФСБ, ки ба таҳқиқи зангҳои ношиноси бомбагузорӣ машғул аст, ба хотири ҷилавгирӣ аз воҳима ва таҳрики хоҳишмандони дигари таҳдидҳои телефонӣ", ба вазоратҳо дастур дод, ки аз шарҳу эзоҳи ин мавзӯъ худдорӣ кунанд.

Зангҳои ношинос бо хабари бомбагузорӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳан, марказҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои таълимӣ, аз 10-уми сентябр ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ворид шуданд. Дар ин муддат беш аз 100 ҳазор нафар аз даҳҳо минтақаҳои Русия ба ҷойҳои дигар интиқол ёфт. То ҳол ҳеҷ як маълумоти зангҳои ношинос (анонимный) тасдиқ нашудаанд.

Раҳбари ҷунбиши "Давлати насронӣ - Русияи муқаддас" Александр Калинин ин зангҳоро ба эътироз алайҳи намоиши филми "Матилда"-и Алексей Учител марбут кард. Ба маълумоти "Интерфакс", аксари зангҳо тавассути интернет аз қаламрави Украина ворид шудаанд.

Аммо фарзияи даст доштани "Нерӯҳои киберии Украина" дар зангҳои пинҳониро раҳбари ин ниҳод Евгений Докукин дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рад кард. Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавуқлода фарзияи тамрини заддитеррористирио низ рад карданд. ФСБ ин фарзияро шарҳ надодааст.