Сокинони шаҳри Душанбе ҳушдор гирифтаанд, ки то 14-уми сентябр бухорӣ ё батареяҳои гармидиҳии хонаҳояшонро барқарор кунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Бино ба эълони насбшуда дар даромадгоҳи биноҳо, аз чунин афрод пули нирӯи барқ се баробар зиёдтар ситонда мешавад.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тақрибан 35 сол аст, ки дар ин бино зиндагӣ мекунам. Оби гарму батерея хуб аст, аммо шароит надорам, ки дубора барқарор кунам.
Алиҷон Амиров, намояндаи яке аз ситодҳои таъмини пойтахт бо гармӣ дар ноҳияи Сино, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо сокинони биноҳоро аз ин дастури шаҳрдорӣ огоҳ кардаанд ва ҳоло корҳои насбу васлкунӣ идома дорад. Ӯ рӯзи 13-уми сентябр гуфт, “ҳар рӯз ҳисобот медиҳем, ки дар ситоди мо чанд нафар бухорӣ насб карданд ва чанд нафари дигар ба ҷои батареяҳои барчидаи худ дубора онҳоро часпонданд.”
Аммо Савдагул Ҳасанова, як сокини ноҳияи Синои Душанбе, ки солҳост бухориҳои обии Шӯравиро бо бухориҳои барқии сохти чинӣ иваз кардааст, мегӯяд, шароит надорад, дубора бухориҳои кандаашро баргардонад. Савдагул гуфт, нафақахӯр аст ва шавҳар надораду духтараш бо се фарзанд дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунад. “Ман тақрибан 35 сол аст, ки дар ин бино зиндагӣ мекунам. Албатта, оби гарму батерея хуб аст, лекин шароит надорам, ки дубора барқарор кунам”, - афзуд ин сокини пойтахт.
Мисли Савдагул аксари сокинон, ин бухориҳоро баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳангоми таъмири хонаҳо барчиданд ва ин ҳама солҳо манзилашонро бо фаршҳои гарму кондитсионер ва бухориҳои барқӣ гарм мекарданд.
Ҳоло мақомоти шаҳрдорӣ аз он нигаронӣ мекунад, ки таваҷҷуҳи бештари сокинони пойтахт ба фанновариҳои навини гармидиҳӣ, кори онҳоро, ки талоши фаврӣ насб кардани бухориҳоро доранд, кунд кардааст. Ин нигаронии масъулин дар ҳолест, ки бархе сокинон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, насби дубораи батареяҳо манзилҳои навтаъмирро хароб мекунад.
Саодат, як сокини дигари пойтахт мегуяд, манзилашро ки панҷҳуҷрагист, шаш моҳи пеш ба 13 ҳазор долар таъмир кард ва ҳоло тамоми шароити манзилаш фароҳам асту намехоҳад, бо васл кардани бухориҳои обӣ деворҳояшро дубора таъмир намояд. Вале масъулин мегӯянд, дар сурати барқарор накардан ва саркашӣ аз дастур сокинонро ҷарима интизор аст.
Онҳое, ки бухории гармидиҳиро барқарор накардаву ба шабакаи гармидиҳӣ васл нагардидаанд, ҷарима хоҳанд шуд
Алиҷон Амиров, намояндаи яке аз ситодҳои таъмини шаҳр бо гармӣ дар ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 15-уми сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо масъулони Вазорати энергетика хона ба хона гашта, манзилҳои сокинонро тафтиш мекунанд. "Онҳое, ки бухории гармидиҳиро барқарор накардаву ба шабакаи гармидиҳӣ васл нагардидаанд, ҷарима хоҳанд шуд", - таъкид кард ӯ. Амиров гуфт, онҳо ба гуруҳи сокиноне, ки камбизоат ҳастанд ва имкони дубора барқарор кардани бухориҳоро надоранд, аз ҳисоби ҳукумати шаҳр кумак мекунанд.
Ҷомеашиносон мегуянд, агарчӣ як далели дубора ва саривақт барқарор накардани бухориҳои обӣ аз сӯи сокинони пойтахт, ба мушкили иқтисодии хонаводаҳо рабт гирад, аз тарафи дигар ноумедӣ ва нобоварии сокинон ба омадани оби гарму гармӣ ба манзилҳояшон баъди ду даҳсола сабаби чунин вазъ гуфта мешавад.
Шаҳрдорӣ барои беҳбуди зиндагии сокинон ва таъмини манзилҳои баландошёна бо гармӣ дар тирамоҳу зимистони соли гузашта дастур содир карда буд, аммо иҷрои он ба далели теъдоди зиёди манзилҳое, ки бояд дубора ба шабакаи гармидиҳӣ васл карда шаванд, чанд дафъа ба таъхир андохта шуд.
Мушкили кори бухориҳои гармидиҳии дохили манзилҳо солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон пайдо шуд. Бо сабаби бебандуборӣ дар вазъи иқтисодӣ сохторҳои масъули пойтахт натавонистанд манзилҳои сокинони пойтахтро бо оби гарм таъмин кунанд. Беш аз ду даҳсола сокинон дар манзилҳои сард ва бо истифода аз бухориҳои худсохту барқӣ зимистонро пушти сар мекарданд. Ҳодисаҳои таркидани бухориҳои худсохти барқиву газӣ, ки ба марги инсонҳо сабаб шудааст, сабт шудааст. Дар натиҷа, сокинони бисёр хонаҳои бисёрошёна батареяҳои гармидиҳии оҳании хонаҳои худро бурида партофтанд ва ҳоло мақомот мегӯянд, агар дар дохили манзил бухорӣ набошад, таъмини манзилҳо бо оби гарм имконнопазир мешавад. Вале аксари сокинон аз хароҷоти гарони ин кор нигарон ҳастанд.
Душанбе – пойтахти Тоҷикистон – ҳоло дар майдони 124,6 километри мураббаъ доман густурда, дар ин шаҳр, бино ба омори расмӣ, беш аз 800 ҳазор ва бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, беш аз 1 миллион нафар ба сар мебаранд.