Баҳром Сироҷев, раҳбари пешини "Барқи тоҷик", мегӯяд, ки танҳо ба кор даромадани ду чархаи аввали Роғун дар соли 2018 кишварро пурра аз банди бебарқӣ раҳо нахоҳад кард ва барои ин фаъол шудани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе низ бисёр зарур аст. Қарор аст, ки Маркази барқу гармидиҳии Душанбе тирамоҳи имсол фаъол карда шавад.
Баҳром Сироҷев 8 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "агар Маркази барқу гармидиҳии Душанберо ба кор андозем, он вақт манзили сокинон аз ҳисоби батареяҳо гарм мешавад ва зарурат барои гармидиҳандаҳои барқӣ боқӣ намемонад. Дар он ҳолат барқи зиёд сарфа мешавад. Аз сӯи дигар, худи Маркази барқу гармидиҳӣ бо 400 мегаватт ва ё дар шаш моҳи сардии сол боз 1500 киловатт соат нерӯи барқ хоҳад дод."
Сироҷов мегӯяд, агар бар замми ин ҳама тавоноиҳо боз ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ба кор дарояд, пас Тоҷикистон метавонад, ки мушкилоти камбуди нерӯи барқашро ҳал кунад. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, тарҳи нерӯгоҳҳои хурд, лоиҳаҳои истеҳсоли барқ аз офтоб ва шамол дар маҷмуъ мушкилоти барқи Тоҷикистонро ҳал карда наметавонанд.
"Танҳо нерӯгоҳҳои пуриқтидоре мисли Роғун метавонанд, ки Тоҷикистонро аз ин мушкил раҳонанд. Тавре мегӯянд, сад задани сӯзангару як задани оҳангар," - афзуд раиси собиқи "Барқи тоҷик".
Salini Impregilo: Ду агрегати Роғун соли 2018 фаъол хоҳад шуд
Salini Impregilo, ки дар тендери байналмилалии интихоби ширкати пудратчии Роғун ғолиб омада бо ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони ин нерӯгоҳ ҳафтае қабл қарордод ба имзо расонд, мегӯяд, чархаи аввалини ин нерӯгоҳро моҳи августи соли 2018 ва чархаи дувумро моҳи октябри ҳамон сол ба кор хоҳад даровард.
Ба таъкиди ин ширкат, баробари ба кор даромадани ин нерӯгоҳ, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон як маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ин ширкат, қабл аз муҳлат ба истифода додани ин ду чархаи аввал ба хотири фурӯши барқ ва бо сармояи ба дастомада идома додани сохтмони нерӯгоҳ мебошад. Ширкат гуфтааст, ки ҳоло танҳо барои сохтмони қисмати аввали нерӯгоҳ бо ҳукумат қарордод имзо кардааст, ки 1 миллиарду 95 миллион доллар хароҷот дорад. Ин ширкат мегӯяд, дар маҷмӯъ сохтмони пурраи нерӯгоҳи Роғун 13 соли дигар тӯл хоҳад кашид ва ин сохтмон 3 миллиарду 900 миллион доллар ҳазина хоҳад дошт.
Бинобар тавофуқоте ки миёни ин ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳосил шудааст, сохтмони Роғун ба се марҳила ҷудо шудааст ва Salini Impregilo ҳоло танҳо барои анҷоми як марҳила бо Тоҷикистон рӯзи 1 июл қардод имзо кард. Қарор аст, ширкати Salini Impregilo то 30 сентябри соли равон барои сохтмони ҳар се марҳилаи нерӯгоҳи Роғун бо ҳукумати Тоҷикистон қарордод ба имзо расонад.
Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе бо иқтидори 3600 мегаватт дар поёни солҳои 70-ум дар аҳди Шӯравии собиқ оғоз ёфт, вале баъд аз суқути иттиҳод қатъ шуд. Роғун бо сарбанди 335-метрӣ мебоист, яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои дунё бо баландтарин сарбанд шавад, вале сели шадиди баҳори соли 1992 чанд нақби обпартои Роғунро бо гилу лой пур кард ва 70 метр сарбандашро ҳам шуст.
Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд, аммо ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд. Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишнома сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин санад ҳам рӯи коғаз монд.
Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилона иншооти ҳаётан муҳим даст ба кор шуд ва дар як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаву ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.
Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо доллар то кунун баҳсу суолҳои зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеч куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад. Дар буҷаи соли 2016 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағ дар муқоиса ба нишондоди соли гузашта 600 миллион сомонӣ бештар аст
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун дар сурати пурра мавриди баҳрабардории пурра қарор гирифтанаш солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақаҳои бузурги Покистону Афғонистон кофӣ аст.