Баъди 9 моҳи занозанӣ. Ҳукми қотилони Миралӣ Ҳасанов эълон шуд. ВИДЕО

Миралӣ Ҳасанов. Акс аз бойгонии хонаводагӣ

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб баҳсу муҳокимаи тӯлонии куштори Миралӣ Ҳасанов – соҳибкори шинохтаи минтақаро анҷом дод. Додгоҳ рӯзи 12-уми сентябр Амирҷон Мӯсоев ва Муҳаммад Хоҷаевро барои даст доштан дар марги ӯ айбдор кард ва аввалиро ба дувоздаҳуним ва дувумиро ба 5 соли зиндон маҳкум намуд.

Миралӣ дар анбӯҳи одамон бо корд захмӣ шуд ва ҷавонон аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Ин ду нафар барои "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё аз беэҳтиётӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардидааст" ва "авбошӣ" муҷрим шинохта шуданд. Ҳодисаи куштори Миралӣ Ҳасанов нӯҳ моҳи пеш иттифоқ афтодааст.

Миралӣ Ҳасанов як соҳибкори пуртаҷриба дар минтақаи Кӯлоб буд. Ӯ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ бо бародараш Нуралӣ Ҳасанов маркази савдои "Ғайрат"-ро хусусӣ кард ва дар атрофи он бозори фурӯши таҷҳизоти техникии "Лола"-ро ташкил намуд. Нуралӣ Ҳасанов, бародари Миралӣ Ҳасанов, рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарчанд дар куштори бародараш гурӯҳи ҷавонон даст доштанд, аммо тафтишот танҳо ду нафари онҳоро гунаҳкор донист”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъди 9 моҳи занозанӣ. Ҳукми қотилони Миралӣ Ҳасанов эълон шуд

Бо ин ҳам Нуралӣ Ҳасанов нисбат ба ҳукми додгоҳ шикоят надорад. Ӯ гуфт, "бародари ман гузашт ва дигар зинда намешавад. Аз болои ҳукми додгоҳ шикоят намекунам. Ҳарду саркардаи ин ҷанг ҷазояшонро гирифтанд, ҳарчанд дар ин кор бисёриҳо даст доштанд.”

Акси Миралӣ Ҳасанов

Хонаводаи Ҳасановҳо ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, муноқиша баъд аз зӯҳри 10-уми январи соли ҷорӣ замоне рух дод, ки Миралӣ Ҳасанов як ҷавонро, ки миёни бозор мошинашро ба суръат меронд ва "бетартибӣ" менамуд, насиҳат кардааст. Аммо ин он ҷавон як гурӯҳи дигарро ба бозор оварда, бо Миралӣ вориди муноқиша шудаанд.

Миралӣ дар анбӯҳи одамон бо корд захмӣ шуд ва ҷавонон аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Пизишкони бемористони шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки барои зинда мондани Миралӣ Ҳасанов талош карданд, аммо бинобар талаф шудани хуни зиёд, натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Дар пайи ин ҳодиса шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб танҳо Амирҷон Мӯсоеви 22-соларо боздошт ва нисбат ба ӯ парванда боз кард. Вале Нуралӣ Ҳасанов, бародари Миралӣ Ҳасанов мегӯяд, танҳо пас аз пойфишори онҳо нафари дуюм низ дар ин ҳодиса боздошт ва гунаҳкор дониста шуд.

Бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар паҳлӯи бозори марказии “Саховат” қарор дорад ва раиси он Нуралӣ Ҳасанов пас аз марги бародараш Миралӣ Ҳасанов ин бозорро ҳамроҳи писар ва ҷиянҳояш раҳбарӣ мекунад. Масоҳати ин бозор 1 гектарро ташкил карда зиёда аз 500 тоҷир ба фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ машғуланд.