Путин дар суҳбат бо Меркел мавқеашро оиди посдорони сулҳи СММ муайян кард

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, омодааст, дар ташаббуси посдорони сулҳи СММ дар Донбасс ҳуқуқи онҳоро барои муҳофизати маъмурияти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) на танҳо дар хатти тамос, балки дар минтақаҳои дигар низ ба инобат бигирад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Кремл рӯзи душанбе, баъди суҳбати телефонии Путин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел иттилоъ дод.

Манзур ин аст, ки кормандони СММ нозирони САҲА-ро на танҳо дар хатти тамос, балки дар минтақаҳои дигаре ҳам, ки Маъмурияти махсуси назоратии САҲА санҷиш мегузаронад, муҳофизат хоҳанд кард.

Пештар Кремл мегуфт, ки посдорони сулҳ танҳо ба хатти тамос дар Донбасс ҷалб хоҳанд шуд. Дар ин ҳолат, мақому салоҳияти кормандони СММ бояд бо ҷудоихоҳони мусаллаҳ ҳамоҳанг карда мешуд.

"Путин ва Меркел ҳамчунин дар робита ба вазъи нимҷазираи Куриё баъди амали ҳангомабарангези ахири Пхенян табодули назар карданд", - афзудааст хадамоти матбуотии Кремл.