Дар Бишкек зане, ки мехост вориди Додгоҳи олии Қирғизистон шавад, боздошт гардид. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек имрӯз ҳабси ӯро баррасӣ мекунад. Дар ин бора сухангӯи раёсати корҳои дохилӣ Одил Оморов хабар медиҳад.
Ба гуфтаи вай, боздоштшуда хабар додаст, ки то ин замон дар Донбасс - минтақаи ҷангҳои Украина будааст. Тафтишот ин иттилоъро дақиқ мекунад.
"8 сентябр вақте вай мехост вориди бинои Додгоҳи олӣ шавад, ҳангоми тафтиш аз вай як тир пайдо карда шуд. Вай мегӯяд, тирро аз мағозаи тирзанӣ дарёфт кардааст. Ба гуфтаи ин зан, вай дар Донбасс будааст, аммо ҳангоми тафтиш ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз вай ёфт нашудааст", - мегӯяд Оморов.
Аз рӯи ин далел бо моддаи "Дарёфти ғайриқонунӣ, ба каси дигар додан, истифода, нигаҳдорӣ, интиқол ва ё бо худ гардонидани аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳо ва дастгоҳҳои тарканд" парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек масъалаи ҳабси зани боздоштшуда баррасӣ мешавад.