Департаменти давлатии ИМА мехоҳад равобит бо Русияро беҳтар кунад

Ҳизер Нойерет -сухангӯи Депатаменти давлатии ИМА

Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Ҳизер Нойерт гуфт, ки Амрико намехоҳад бо Русия муқовимат кунад, зеро ду кишвар барои ҳамкорӣ заминаҳои зиёде, мисли ба эътидол овардани низои Сурияро доранд. Нойерт итминон дод, ки дар робита ба Маскав Вашингтон намехоҳад таниши дипломатии "чашм ба ҷойи чашм"-ро идома диҳад.

Ҳизер дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё Маскав ба коҳиши бештари дипломатҳои амрикоӣ иқдом мекунад ё не - гуфт, ки намехоҳад дар "атрофи амалкардҳои минбаъдаи Русия шоеасозӣ кунад."

Рӯзи 28 июл Маскав дар посух ба таҳримҳои нави Конгресси ИМА, аз Вашингтон талаб кард, ки теъдоди кормандони дипломатиии сафоратхонааш дар Маскав, Консулгарии Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Владивостокро ба 755 нафар коҳиш диҳад. Конгресс дар посух ба ишғоли Қрим дар соли 2014 ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабони шаҳрқи Украина алайҳи ширкатҳо ва афроди алоҳидаи Русия таҳрим ҷорӣ кардааст.