Тоҷикистон аз Русия дар бораи Гулмурод Ҳалимов маълумот хост. ВИДЕО

Гулмурод Ҳалимов

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки барои дақиқ кардани хабари марг ё захмӣ шудани Гулмурод Ҳалимов бо мақомоти дахлдори Русия ҳамкориро оғоз намуданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 8-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамкорӣ бо Русия ин хабарро таҳқиқ мекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст?

Аз ин пеш, ҳадди ақал ду дафъа хабари марги Ҳалимов аз манобеи мухталиф пахш шуд. Бори охир моҳи апрели имсол нашрияи “Таймс” бо такя ба манобеи амниятии Ироқ хабари марги Гулмурод Ҳалимовро нашр кард.

Ӯ гуфт, борҳо хабари ба ҳалокат расидани Ҳалимов ё захмӣ шудани ӯ расонаӣ шудааст. Вале ин бор Вазорати дифои Русия чунин эълон мекунад. “Пештар фақат дар ин бора матбуот хабар медод, лекин ин бор Вазорати дифои Русия хабар нашр кардааст, ки Гулмурод Ҳалимов захмҳои марговар гирифтааст. Албатта, вақте мақомот расман эълон мекунанд, пас, далеле дар даст доранд. Ба ҳамин хотир, мо зуд бо ҷониби Русия тамос гирифтем”.

Қаблан расонаҳои Русия бо такя ба мақомоти Вазорати дифои Русия аз кушта шудани 40 ҷангҷӯ ва фармондеҳи калидии гурӯҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон – дар минтақаи Дайр-уз-зори Сурия хабар доданд. Оҷонсии “Интерфакс” рӯзи 8-уми сентябр навишт, Гулмурод Ҳалимов “аз захмҳои бардоштааш” ба ҳалокат расидааст. Аммо дертар Вазорати дифои Русия дар баёнияи расмӣ гуфт, Гулмурод Ҳалимов шадидан захмӣ шуда, аз ҷойи ҳодиса берун бурда шудааст. Мақомоти Вазорати дифои Русия гуфтанд, ки Ҳалимов ба минтақаи Му Ҳасан, бист километр дуртар аз Дор-уз-Зор интиқол ёфтааст.

Гулмурод Ҳалимови 42-сола дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Аз ду ҳамсар 8 фарзанд дорад. Макони буду боши ӯ, зинда ё мурданаш ҳоло дақиқ нест. Танҳо дар паёмҳои як соли пеши худ мегуфт, ки дар Ироқ қарор дорад.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, нирӯҳои Русия як ҷаласаи фармондеҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Дайр-уз-зорро ҳадаф қарор доданд, ки дар онҷо “вазири ҷанг” Гулмурод Ҳалимов низ ҳузур дошт. “Муайян карда шуд, ки Ҳалимов аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҳалок шудааст”, - навишт “Интерфакс”.

Дар Вазорати дифои Русия гуфтаанд, онҳо рӯзи 5-уми сентябри имсол аз ҷаласаи фармондеҳони ДИИШ дар атрофи Дайр-уз-зор хабардор шуда, баъд аз тасдиқи он тавассути ду ҳавопаймои Су-34 ва Су-35 ва бомбаҳои бетоншикан даст ба кор шуданд. Дар ин ҳамла, ба гуфтаи онҳо, Абу Муҳаммад Аш-Шимолӣ, масъули молӣ ва интиқоли ҷангҷӯёни нав ба пойгоҳи тамринотии ДИИШ низ кушта шуд.

Тасдиқи дурустии ин хабар аз манобеи дигар дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст. Аз ин пеш, ҳадди ақал ду дафъа хабари марги Ҳалимов аз манобеи мухталиф пахш шуд. Бори охир моҳи апрели имсол нашрияи “Таймс” бо такя ба манобеи амниятии Ироқ хабари марги Гулмурод Ҳалимовро нашр кард.

Селфии Гулмурод Ҳалимов бо духтараш

Аммо он вақт як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон гуфта буд, ки то замони ба даст омадани далели қотеъ ба марги ҳеҷ узви гурӯҳи ДИИШ бовар намекунанд ва онҳо дар пайгард боқӣ мемонанд.

Баъд аз он дар моҳи август ду ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ду паёми ҷудогонаи савтӣ иддао карданд, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик, зинда аст. Парвиз Саидраҳмонов, бо лақаби "Абу Довуд" ва Тоҷиддин Назаров, бо лақаби "Абу Усомаи Норакӣ", иддао карданд, ки хабари ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дурӯғ аст.

Сарҳанги собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки баъди пайвастанаш ба ДИИШ борҳо дар наворҳои видеоӣ, дар саҳифаҳои ҷангиён, зоҳир мешуд, ба назар мерасад, баъди онки Амрико моҳи августи соли 2016 барои маълумот дар бораи макони буду боши ӯ ҷоиза эълон кард, дигар дар ягон навор зоҳир нашуд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зад ва моҳи май бо нашри як паёми видеоӣ гуфт, ки ба ДИИШ пайвастааст. Як сол пас, моҳи феврали соли 2016 низ Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуввуми ӯ аз Тоҷикистон фирор кард. Аксҳое, ки чанде пеш Радиои Озодӣ дастрас кард, нишон медиҳад, кӯдаконаш аз Мирова то назди ӯ расидаанд.

Моҳи июл чор тан аз наздикони Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ кушта шуда, се тани дигар боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо қасди пайвастан ба ДИИШ дар Афғонистонро доштанд. Беҳрӯзи Гулмурод, писари 18 солаи Ҳалимов аз ҳамсари якумаш низ моҳи июни соли ҷорӣ барои қасди пайвастан ба ДИИШ 10 сол зиндонӣ шуд.

Гулмурод Ҳалимови 42-сола дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Аз ду ҳамсар 8 фарзанд дорад. Макони буду боши ӯ, зинда ё мурданаш ҳоло дақиқ нест. Танҳо дар паёмҳои як соли пеши худ мегуфт, ки дар Ироқ қарор дорад.