Фаронса то соли 2040 аз истихроҷи нафту газ даст мекашад

Панелҳои энержии хуршедӣ

То соли 2040 Фаронса нахустин давлате хоҳад шуд, ки аз истихроҷи нафту газ даст мекашад ва то он вақт фурӯши мошинҳои дизелӣ ва бензиниро ҳам қатъ хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуне, ки 6 сентябр ба ҳукумати Фаронса пешниҳод шуд, ирсоли иҷозатномаҳои нави истихроҷи конҳо дар ҳудуди ин кишварро манъ ва иҷозатномаҳои амалкунандаро тадриҷан бекор мекунад.

Воридот ва коркарди нафту газ ҳамоно дар Фаронса идома хоҳад дод, зеро он дар як сол тақрибан 6 миллион бушка сӯзишвории карбогидридӣ истеҳсол мекунад, ки ҳудуди як дар сади талаботи дохилиашро ташкил медиҳад.

Фаронса ҳамчунин дар чаҳорчӯби созишномаи ҷаҳонии иқлими Порис мехоҳад, то соли 2022 аз марказҳои барқу гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор мекунад, даст кашад ва нақши истгоҳҳои ҳастаиро низ дар истеҳсоли нирӯи барқ аз 75 то 50% коҳиш диҳад.