Сатҳи майзадагии мардум дар минтақаи Шарқи Дур ду баробар бештар аз сатҳи миёна дар саросари Русия аст. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК бо такя ба қавли вазири беҳдошти Русия Вероника Сквортсова хабар дод, ки рӯзи 5-уми сентябр дар форуми иқтисодии Владивосток сӯҳбат мекард.
Ба гуфтаи вазир, бемории майзадагӣ дар кишвар аз 100 ҳазор 60 нафарро фаро мегирад. Ин рақам дар ҳавзаи Шарқи Дур аз 100 ҳазор 120 ва дар Чукотка 330 нафар аст. "70 дарсади мардҳо аз майзадагӣ ё алкоголизм мемиранд", - афзуд Сковотсова.
Моҳи январ "Роспотребнадзор" аз якуним дараҷа поён рафтани истифодаи машрубот дар муқоиса бо соли 2009 хабар дод. Ҳашт сол пеш сатҳи истифодаи мушрубот дар як сол ба сари 1 нафар ба 10-15 литр баробар буд. Аммо ин ҳам меъёреро, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт муайян кардааст, убур мекунад.
Ба маълумоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз соли 2015, сеяки маргҳо дар Русия ба гунае марбут ба шароб будааст.