Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба далели камбуди маводи сӯхт водор шудаанд барои интиқоли мусофирон маводи сӯхтро дар шаҳрҳои дигар, аз ҷумла дар Тарази Қазоқистон пур кунанд. Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" дар сомонаи расмии худ эълон кардааст, ки ба ин далел парвозҳояш ба ҳамаи масирҳо як соат бештар вақт мегиранд, зеро онҳо водор ҳастанд, ки дар шаҳри дигаре барои пур кардани маводди сӯхт, фуруд оянд.
Навбатдори ширкати "Сомон Эйр" 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки вазъ то ҳол тағйир наёфтааст. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон низ гуфт, ки "мутаассифона, чунин вазъият чанд рӯз идома дорад ва ҳавопаймоҳое, ки ба масирҳои дуртар парвоз анҷом медиҳанд, водор мешаванд дар шаҳрҳои дигар маводди сӯхт бигиранд. Чунин вазъият танҳо баъд аз расидани маводди сӯхт ба ихтиёри ширкати таъминкунандаи маводи сӯхти фурудгоҳи Душанбе аз байн хоҳад рафт".
Ин дар ҳолест, ки мавзӯи фаъолияти ин ширкат солҳо мояи нигаронии ширкатҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистон шудааст. Аз як сӯ ин ширкат иддао дорад, ки ширкатҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" барои маводи сӯхт, қарздоранд. Аммо ширкатҳои ҳавоӣ даъво мекунанд, ки ин ширкат бо истифода аз яккатоз буданаш дар ин бозор, нархи маводи сӯхтро боло бурдааст, ки сабаби гаронии билети ҳавопаймо шудааст. Аммо ҳатто дар ин сурат ин ширкат бо мушкили таъмини ҳавопаймоҳо бо маводи сӯхт рӯбарӯ аст.