Дар шаҳри Тирмизи Узбакистон модари се фарзанд дар пайи як баҳси манзил модаршӯяшро оташ задааст. Дар натиҷа пирзани 72-сола ба ҳалокат расид.
Ҳамчунин писари 10-солаи ин зан низ осеб дида, дар беморхона бистарӣ шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, баҳси манзили келин бо хушдоман, ки 7 сол боз идома дошт, 14 август ба фоҷеа анҷомид.
Яке аз ҳамсояҳои ин хонавода гуфт, ки келин бо се фарзанди худ ҳамроҳи модаршӯяш дар як манзил зиндагӣ мекард.
"Шавҳари ӯ 10 сол мешавад, ки дар Русия аст. Хушдоман ба келин мегӯяд, ки ба ман туфайлихӯр лозим нест, се фарзандатро гиру аз хона рав. Вале ӯ мегӯяд, ин хонаи ман аст. Келин дар сари хашм ба хона бензин пошид ва онро оташ зад. Пиразан ба ҳалокат расид ва 70 дар сади бадани писараки 10-сола сӯхт", - гуфт ҳамсоя.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса бо банди "куштор ва оташ задани барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Келин дар ин ҳодиса гумонбари аслӣ шумурда мешавад, чун шоҳидон тасдиқ кардаанд, ки хонаро маҳз ӯ оташ зад.