Дар заминаи задухӯрди қазоқҳо бо бинокорони ҳинду ду парванда боз шуд

Додситони кулли Қазоқистон Жакип Асанов

Додситони кулли Қазоқистон Жакип Асанов гуфт, ки дар робита ба занозании бинокорони маҳаллию хориҷӣ дар сохтмони маҷмааи тиҷории "Абу-Дабӣ Плаза"-и шаҳри Остона ду парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Яке барои занозанӣ ва дувумӣ барои иттилои дурӯғ" - гуфт Асанов дар ҳошияи ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи порлумони Қазоқистон. Ба гуфтаи ӯ, тасмими ихроҷи бинокорони хориҷиро, агар гуноҳашон избот шавад, додгоҳ хоҳад гирифт.

Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов ба рӯзноманигорон гуфт, ки 2 сентябр дар натиҷаи задухӯрди бинокорони маҷмааи "Абу-Дабӣ Плаза" як шаҳрванди ин кишвар ва як бинокори ҳинду захмӣ ва дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон 3 сентябр иттилоъ дод, ки РКД Остона дар робита ба задухӯрди бинокорони "Абу-Дабӣ Плаза" аз рӯи банди "авбошӣ" парвада кушод ва ҳуввияти афродеро муаян кард, ки корманди ширкати муҳофизатиро латту кӯб карданд.

Пулис мегӯяд, нисбати ҳашт бинокор санади маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳ фиристодааст.