Эътилофи таҳти раҳбарии ИМА мегӯяд, дар натиҷаи як амалиёт 85 ҷангҷӯи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар шарқи Сурия кушта шуданд. Ин амалиёт дар наздикии корвони мошинҳои ДИИШ, ки пештар марзи Лубнону Сурияро убур карда буданд, гузаронида шудааст.
Ба иттилои хабаргузории Reuters, дар ин амалиёти ҳудуди 40 нақлиёти тундравон, бо шумули техникаи низомии онҳо низ маҳв шуд.
Пеш аз ин ҳаракати "Ҳизбуллоҳ" хабар дод, ки нирӯҳои эътилоф дар саҳрои Сурия роҳи корвони автобусҳои ҷангиёни ДИИШ-ро ҳамроҳи хонаводаҳояшон бастанд. Низомиён роҳу пулҳоро таркониданд, то ҷангиён ба Ироқ роҳ наёбанд. Вале автобусҳоро ҳадаф қарор надоданд ва ба сокиноне, ки дар дохили онҳо буданд, обу ғизо дода шуд.
Эътилофи таҳти раҳбари ИМА аз соли 2014 ба ин сӯ дар Сурия бо тундравон мубориза бурда, аз нирӯҳои мухолифони демократи Сурия пуштибонӣ мекунад. Амалиёти низомии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 оғоз шуд. Эътилоф Москваро борҳо ба ҳимоят аз режими президент Башор Асад айбдор кардааст, ки кишварҳои Ғарб ӯро дар нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд.