Ҳунарманди шинохтаи театр ва синамо Олег Басилашвилӣ, дар номае ба коргардон Кирилл Серебренников аз ӯ пуштибонӣ кард. Азбаски ироаи нома ба Серебренников имконпазир нест, аз ин рӯ Ксения Басилашвилӣ, духтари Олег Басилавилӣ ин номаро дар саҳифаи худаш дар Фейсбк нашр кард.
Дар ин нома ҳунарманди шинохта парвандаи алайҳи раҳбари "Гогол-Центр" Кирилли Серебренниковро "фантасмагория" номид ва изҳори умед кард, ки вазъ ба зудӣ ҳал мешавад ва қизия чун ҳубоб метаркад. Ӯ аз Серебренников даъват кард, ки оромӣ ва эътимодро ҳифз кунад. Басилашвилӣ изҳори умед кардааст, ки пуштибонияш дар ин шароити сангин ба рӯҳияи Серебренников таъсири мусбат мерасонад.
Коргардони шинохта, раҳбари бадеии театри "Гогол-Центр" Кирилл Серебренников ба қаллоби дар ҳамҷми калон муттаҳам шудааст Ба гуфтаи тафтишот, ӯ дар ташкили сирқати 68 миллион рубл, ки барои "Студияи -7" ҷудо шуда буд, даст дорад. Ҳоло коргардон бо амри додгоҳ дар ҳабси хонагӣ басар мебарад.
Рӯзи 4 август додгоҳ қарори ҳабси хонагии ӯро бетаъғир гузошт. Серебренников иттиҳоми додгоҳ рад мекунад ва иддаои тафтишотро "сафсатта" мехонад. Чеҳраҳои фарҳангии Русия ва ҷаҳонӣ озодии ӯро талаб кардаанд.