Амрико назорати се макони дипломатии Русияро ба даст гирифт

Мақомоти Амрико рӯзи шанбеи 2-юми сентябр контрол ё назорати се макони дипломатии Русияро дар Иёлоти Муттаҳида ба даст гирифтанд. Қаблан онҳо ба дипломатҳои Русия 48 соат фурсат дода буданд, ки ин биноҳоро холӣ кунанд.

Кремлин дар посух як дипломати аршади Амрикоро дар Маскав эҳзор карда ва барояш эътирознома супурд.

Вазорати умури хориҷии Амрико соати дуи баъд аз зуҳри шанберо барои бастани консулгарии Русия дар шаҳри Сан-Франсиско ва ду намояндагии тиҷоратиаш дар Вашингтону Ню-Йорк зарбулаҷал таъин карда буд.

Амрико ин иқдомро дар посух ба як тасмими Русия рӯйи даст гирифт, ки дар моҳи август эълон кард, то кормандони намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Русия то аввали моҳи сентябри имсол ба 455 нафар коҳиш дода шавад.