Манижаи Давлат, ҳунарманди саршиноси тоҷик, рӯзи 3-юми сентябр аз таъқиб ва куштори даҳҳо мусалмони қабилаи Роҳинҷа дар Мянмар нигаронӣ кард. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки “имрӯз ман ҳам бо вайрониҳои Мянмар баробари кулли мусалмонҳои дунё мотам дорам. Магар ҳамаи одамони кураи заминро як холиқ наофаридааст? Аз куҷост ин ваҳшоният?”
Ӯ дар як посухи катбӣ тариқи Фейсбук ба Радиои Озодӣ иҷозаи нашри ин гуфтаҳояшро дод ва ҳамзамон афзуд, мехоҳад бештар ба ободии дунё фикр кунад, “вале ҳар қадар саъю фикрашро кунем, боз ҳам пур аз вайронист. Ҳамеша ҳар ҷое агар обод шавад, паҳлӯяш як ҷои дигар вайрон мегардад. Ҳамин хел дунё бо вайрониҳо обод аст, бо вайрониҳои тамомнашуданӣ..."
Дар Мянмар асосан пайравони дини буддоӣ ба сар мебаранд ва мусалмонони қабилаи Роҳинҷа пайваста таҳти таъқиб ҳастанд. Тайи ҳафтаҳои охир беш аз 70 ҳазор сокини мусалмони ин кишвар маҷбур шудаанд, ки Мянмарро тарк намоянд. Дар чанд рӯзи охир беш аз чаҳор сад нафар низ қурбон шудаанд.
Чунин бархӯрди мақомоти Мянмар бо пайравони дини Ислом вокунишҳои мухталифро дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ба бор овард. Рӯзи севуми сентябр садҳо нафар дар назди бинои сафорати Мянмар дар Маскав эътироз карда, хостори расидагӣ ба мушкили мусалмонҳо шуданд. Дар наворҳое, ки тариқи вебсайту шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, дида мешавад, дар маҳалли баргузории эътироз нирӯҳои пулис низ ҳастанд.
Дар Русия алайҳи таъқиб ва куштори мусалмонҳо дар Мянмар раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров низ садо баланд кард. Дар Доғистон алайҳи чунин амалкарди ҳукумати Мянма роҳпаймоӣ баргузор нмауданд.
Дар Вазорати умури хориҷии Русия гуфтаанд, ҳар ончиро ки дар Мянма мегузарад, пайгирӣ доранд.