Чин барои бунёди хатти интиқоли барқ ба Тоҷикистон $79 млн дод

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпин

Чин барои сохтмони як хатти интиқоли нирӯи барқи 500-киловолтӣ дар ноҳияҳои тобеи пойтахти Тоҷикистон ба ин кишвар 79 миллион доллар дод. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр гуфтанд, ки ин маблағ “қарзи имтиёздори Чин" ба Тоҷикистон аст.

Маросими имзои созишномаи қарзӣ дар Пекин аз тарафи намояндагони Тоҷикистону Чин сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, ин миқдор пулро Бонки содиротиву воридотии Чин ба ҳисоби Тоҷикистон мегузаронад.

Ин санад дар ҳоле имзо шудааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Пекин қарор дорад. Ӯ бо раиси ҷумҳури Чин ва раҳбарони чанде аз ширкатҳои намоёни он кишвар мулоқот анҷом дод.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни ин сафар чанд санади ҳамкорӣ миёни ширкати “Ғаюр Саноат” ва “Талко”-и Тоҷикистон бо ширкатҳои чинии “Синхуа Тиен Чен”, Юнан, Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн ва Ҷенерал Найс Инвестмент низ имзо шудааст.

Ин манбаъ мегӯяд, “баъди имзои чунин санадҳои муҳими ҳамкорӣ тавассути бунёди коргоҳҳои муштараки саноатӣ, маблағҳои зиёди сармояи ширкатҳои чинӣ ба иқтисоди кишвари мо ворид гардида, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи неъматҳои моддии кишвар, рушди бахшҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи иқтисоди Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.”

Дар ҳоли ҳозир қарзи Тоҷикистон аз Чин аз марзи 1 миллиарду 200 миллион доллар гузаштааст. Бархе аз коршиносон аз он нигаронанд, ки вобастагии аз ҳад зиёди Тоҷикистон аз пули Чин метавонад кишварро луқмаи “аждаҳои сурх” бикунад. Вале мақомот мегӯянд, аз як тараф дар замони буҳрони молӣ ва аз тарафи дигар дар замони, ба қавли онҳо, ноороми ҷаҳон ҳамкорӣ бо Чин бештар ба нафъи Тоҷикистон аст.

То кунун Тоҷикистону Чин беш аз 200 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд ва ин кишвар Чин дар ҳоли ҳозир аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст.