Як вакили собиқи порлумони Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд дар маросими Ҳаҷҷи имсола дар Макка даргузаштааст.
Афроди наздик ба Домуллоҷон Ҷабборов гуфтанд, ки ӯ рӯзи 1-уми сентябр дар 64-солагӣ дунёро падруд гуфт. Ҷабборов дар тӯли солҳои 2010 – 2015 узви Маҷлиси Намояндагон буд. Аз он пеш дар ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Дар маросими Ҳаҷҷи соли гузашта се зоири тоҷик ҷон дода буданд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки Арал Шукурови 61-сола, Сарабек Маҳмадови 62-сола ва Ҳикоят Ашӯрова, сокини ноҳияи Ҳисор даргузаштанд.
Имсол барои зиёрати Каъба беш аз шаш ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Макка рафтаанд.