12 зан ва кӯдаки зодаи Русия ва Қазоқистонро, ки дар минтақаҳои озодашуда аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ёфт шудаанд, ба Русия оварданд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилоъ доданд.
Ҳавопаймои ҳомили ин дувоздаҳ нафар рӯзи якуми сентябр дар шаҳри Грозний, маркази Чеченистон, фуруд омадааст. Хабаргузории “Интерфакс” гуфт, занону кӯдаконро омбудсмени кӯдаки Русия Анна Кузнетсова ва мақомҳои дигари Чеченистон пешвоз гирифтанд.
Ин гурӯҳи бузурги кӯдакону занонест, ки аз Ироқ ба Чеченистон оварда шуданд. Моҳи гузашта аз Ироқ ба Чеченистон ҳафт кӯдакро оварда буданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Ироқ гуфтанд, ки бисёре аз ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Мавсили Ироқ аз Русия, бахусус Чеченистон ва кишварҳои дигарии Шӯравии собиқ ҳастанд. Мавсил моҳи июл бо ёрии Эътилофи ба раҳбарии Амрико аз тарафи нирӯҳои давлатии Ироқ аз ҷангҷӯён озод карда шуд.
Рамазон Қодиров, раҳбари Чечистон, ваъда додааст, ки ҳамаи кӯдакони чеченро аз Ироқ бармегардонад. Ӯ гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд волидони онҳо кушта шудаанд.
Охири моҳи гузашта мақомоти Русия аз ҷониби Тоҷикистон ҳам хоста буданд, ки дар шиносоии як духтар ба онҳо кумак кунанд. Ин духтар, ки дар Ироқ ёфт шудааст, худро Марям меномад ва мегӯяд, падараш аз Тоҷикистон буд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз дусад кӯдак тавассути волидонашон ба Ироқу Сурия бурда шудаанд.